Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ ва раҳбари Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ Юкия Амано ба Эрон фишор оварданд, ки дар масъалаи барномаи ҳастаияш пешрафт кунад. Керрӣ дар Риёз – пойтахти Арабистони Саудӣ – гуфт, ҳалли дипломатии мушкили ҳастаии Эрон “то ҳадди муайяне боз боқӣ монда метавонад.” Ӯ афзуд, фурсати ҳалли баҳс бо Эрон ҳанӯз ҳаст, вале ба шарте ки Теҳрон “барои ҳамкорӣ ҷиддан омода бошад.” Дар ҳамин ҳол, Амано аз Эрон хост, ки музокироти барномаҳои ҳастаияшро бидуни зарурат тӯл надиҳад. Ӯ ба Шӯрои мудирони Ожонси ҳастаӣ гуфт, “музокирот бояд ба сурати оҷил сурат гирифта, рӯи расидан ба натоиҷи мушаххас дар фурсати наздик тамаркуз кунад.” Қудратҳои ғарбӣ бар ин гумонанд, ки Эрон дар пайи сохтани силоҳҳои ҳастаист. Теҳрон инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG