Пайвандҳои дастрасӣ

Сари ҳар чанд моҳ ин ё он ширкати истихроҷи нафту газ аз кашф ё дақиқ шудани захираҳои бузурги нафту гази Тоҷикистон хабар медиҳад.

Георгий Кошлаков, собиқ муовини сарвазир ва ҳоло устоди иқтисоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, мегӯяд, сарусадоҳо дар бораи захираҳои «супергигантӣ»-и нафту газ дар Тоҷикистон «сафсатта»-е беш нестанд: «Инро ман шарҳ медиҳам. Ин як пиари бузург аст. Ширкате, ки ин корро мекунад, танҳо худро таблиғ дорад ва ин корро ширкатҳои фаъол дар Тоҷикистон мекунанд. Ҳамчунин, баёнияро аз номи «Газпромнефт» нашунидаам, аммо Tethys Petroleum ин корро кард. Ширкат бояд худро бо кораш нишон диҳад. Чанд сол аст, ки ваъдаи нафту гази худиро медиҳанд, аммо натиҷае нест. Вале бо ин гуна баёнияҳои сари мардумро гиҷ мекунанд, то бештар саҳмияҳои худро фурӯшанд.»

Чунин хабарҳо садҳо ҳазор нафарро дар кишвар умедвор мекунанд, ки ба зудӣ кишвар соҳиби гази худ мешавад ва мӯҳтоҷи ҳамсоягоне намемонад, ки ҷумаки газро ба ҳадафҳои сиёсӣ бозу баста мекунанд. Вале муддате мегузараду мавзӯъ гӯё фаромӯш мешавад, то ки аз нав бо арқому адади бештаре сарусадо эҷод намояд.

Яке аз чунин эълонҳои тоза аз тарафи «Газпром International» садо дода буд. Расонаҳо ба нақл аз Ҷумъақодир Акенеев, сарвари Анҷумани нефтрейдерҳои Қирғизистон, навишта буданд, ки «Газпромнефт» дар шахси «Газпром International» дар Тоҷикистону Қирғизистон се конро ошкор кардааст, ки ҳудуди 11 миллион метри мукааб газ доранд ва ин гуна захираҳо дар Туркманистону Ӯзбакистон мавҷуд нест.

Аммо чанде нагузашта «Газпром International» аз ин иттилоъ, ки захираҳои кашфшудаи гази Тоҷикистон 11 миллион метри мукааб тахмин шудаанд, изҳори бехабарӣ кард.

Михаил Духонин, сармуҳандиси ин ширкат, ба радиои «Озодӣ» гуфт, намояндагии «Газпром International» дар Душанбе то ба ҳол захираҳои таҳти мутолеоташ дар Тоҷикистонро ҳисоб накарда, ҷое ҳам иттилои расмиву ғайрирасмӣ надодааст: «Барои ман маълум нест, ки ин иттилоъ аз куҷо пайдо шудааст. Ин ҷо дар намояндагӣ мо таҳқиқ кардем ва ошкор шуд, ки ин иттилоъ аз мо берун наомадааст. Барои мо маълум нест, ки ин иттилоъро аз куҷо гирифтаанд. Ҳар чӣ ҳаст, нест, дар ин бора шарҳе дода наметавонам».

Моҳи июли соли гузашта ширкати Tethys Petroleum эълон дошта буд, ки танҳо дар ҳудудҳои таҳти назораташ дар Тоҷикистон захираҳои нафту газ баробар ба 27, 5 миллиард баррели нафтӣ - 69% газ ва 31% нафт аст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмии Тоҷикистон ин иттилоотро ҷиддӣ қабул намекунанд. Субҳонқул Мавлонӣ, муовини сарвари раёсати истихроҷи нафту гази вазорати саноати Тоҷикистон, мегӯяд, то ба ҳол дар бораи захираҳои нафту гази кишвар танҳо аз омори замони шӯравӣ кор гирифта мешавад:

«Захираҳои мо, Худоро шукр, хеле зиёданд, аммо хеле чуқур ҳастанд. Мо аз ягон ҷумҳурӣ кам нестем. Аммо азбаски дар чуқурии бештар ҳастанд, бароварданашон мушкил дорад, масалан, лӯлаҳои махсус даркор, ки ба фишору гармӣ тобовар бошанд. Сармоя зарур аст. Агар не, мо ҳамаро дорем ва иншоаллоҳ, оҳиста-оҳиста мебарорем.»

Бино ба иттилои расмӣ, захираҳои нафту гази Тоҷикистон баробар ба 1 миллиарду 33 миллион баррели нафтӣ аст, ки қисмати умдаашро газ ташкил мекунад.

Як корманди собиқи вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон гуфт, дар Тоҷикистон захираҳои 700-солаи ангишт, 70-солаи нафт ва 80-солаи газ вуҷуд дорад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли ӯ, фанновариҳои муосир аз ангишт ҳосил кардани газро фароҳам кардаанд, тавре бо ин роҳ ширкати «Талко» эҳтиёҷоти худро бароварда мекунад.

Дар ҳоли ҳозир, барои истихроҷи нафту гази Тоҷикистон ду ширкат – «Газпромнефт»-и Русия ва Tethys Petroleum-и Канада сафарбар шудаанд. Соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкати CNPC-и Чинро низ ба ҳамкорӣ даъват карда буд, аммо, ба қавли мақомот, то ба ҳол ин ширкат гоме дар ин самт нагузоштааст.

Коршиносон мегӯянд, барои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон маблағҳои ҳангуфт зарур аст ва ҳамон ҳам кафолати ин нест, ки дар ҷои кофташуда дар чуқурии то 7 километр газ ё нафт пайдо мешавад, ё хайр.

Зимнан, ҳанӯз соли 2008 Дмитрий Медведев, раҳбари вақти Русия, ҳангоми боздид аз Душанбе изҳор дошта буд, ки пас аз се сол Тоҷикистон соҳиби гази худ мешавад ва ин корро «Газпромнефт» хоҳад кард.

Аммо пас аз панҷ сол Михаил Духонин, масъули намояндагии «Газпром International» дар Тоҷикистон, мегӯяд, шикофтани замин дар кони гази "Сариқамиш" моҳи июли соли равон ба анҷом хоҳад расид ва он замон расман мешавад дар ин бора сӯҳбат кард. Албатта, агар дар ин миён эълони наве дар бораи кашфи захираҳои бузургтар садо надиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG