Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомониҳои "лазерӣ" вориди муомилот мешаванд


Шурӯъ аз рӯзи 5 марти соли равон Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии 20, 50 ва 100 сомониро, ки бо унсури ҳимоявии лазерӣ доранд, ба муомилот мебарорад. Абдуғаффор Қурбонов сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз тақаллуб ва нусхабардории пули миллӣ кор гирифта шудааст.

Дар сомониҳои “нав” се адади охири рақами силсилавӣ дар рӯи навори «кинеграмма» бо тарзи лазерӣ чоп шудаанд, ки бо чашмони ғайримусаллаҳ дида шуда, ҳангоми бо ангушт ламс кардан барҷаста будани онҳо эҳсос мешавад.

Пулҳои коғазии дорои унсури ҳимояти лазерӣ бо арзиши 20, 50 ва 100 сомонӣ дар баробари дигар пулҳо, ки аз соли 1999 ба ин сӯ дар муомилот қарор доранд, ҳангоми ҳама гуна муомилоти молиявӣ истифода хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG