Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бархӯрдҳо дар Порт-Саид 4 кас ҷон бохтанд


Дар шаҳри Порт-Саиди Миср бар асари бархӯрди полис бо эътирозгарон чаҳор нафар, аз ҷумла, ду корманди полис ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои расмӣ, дасти кам 420 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Эътирозгарон сӯи полис санг ва шишаҳо бо маводи сӯхт андохтанд, кормандони полис алайҳи онҳо аз гази ашковар истифода бурданд.

Бархӯрдҳо дар канори биноҳои ҳукуматӣ дар Порт-Саид шаби гузашта баъд аз он шурӯъ шуданд, ки мақомот дар бораи ба маҳбаси дигар интиқол додани афроди дар фоҷиаи як соли пеш дар варзишгоҳ дастдошта тасмим гирифтанд. Якуми феврали соли гузашта дар бетартибиҳо баъд аз бозии футбол миёни дастаи маҳаллии “Масрӣ” ва дастаи “Аҳли”-и Қоҳира дар варзишгоҳи Порт-Саид 74 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Бархӯрди оммавӣ баъди он шурӯъ шуд, ки дастаи маҳаллӣ ҳарифашро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод. Бенизомиҳо дар шаҳр рӯзи дигар ҳам идома доштанд ва дар онҳо боз 16 нафар ҷон бохтанд.

Моҳи январ додгоҳ 21 нафарро бо иттиҳоми ташкили бенизомиҳо ва куштори одамон маҳкум ба эъдом кард. Қарор аст ҳукми 39 муттаҳами дигар рӯзи шанбе, 9 март, эълон шавад
XS
SM
MD
LG