Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: Покистон ҳам гирифтори оташи низоъ шудааст


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай Покистони ҳамсояро барои талошҳои нокофияш дар мубориза бо терроризм интиқод кард. Дар мулоқот бо хабарнигорон ҳамроҳ бо Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен, ки ахиран вориди Кобул шуд, ӯ гуфт, Покистон барои имдод ба Афғонистон дар пайдо кардани роҳи мусолиматомези низоъ бо “Толибон” ягон “гоми мушахаас” набардоштааст.

Ба гуфтаи Карзай, ҳамлаҳои ахири хунбор ба шиамазҳабҳо дар шаҳрҳои Квейта ва Карочӣ баёнгари аз назорат берун шудани авзоъ дар Покистон аст ва акнун ҳарду кишвар аз оташи ҷанг месӯзанд.

Сарвари Афғонистон бо ишора ба изҳороти раиси шӯрои уламои Покистон Тоҳир Ашрафӣ афзуд, ки Исломобод дар муборизааш бо терроризм самимӣ нест. Тоҳир Ашрафӣ ҳафтаи гузашта ҳамлаҳои маргталабона дар Афғонистонро “ҳалол” хонда буд, зеро, ба гуфтаи ӯ, Афғонистон аз сӯи нерӯҳои НАТО забт карда шудааст.
XS
SM
MD
LG