Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ даъвои мудири пешини "Санҷобча" алайҳи "Озодӣ"-ро беасос хонд


Додгоҳе дар шаҳри Душанбе, даъвои собиқ мудири кӯдакистони «Санҷобча» алайҳи Радиои Озодиро рад кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баҳс миёни кӯдакистони «Санҷобча» ва Радиои Озодиро ба нафъи дуввумӣ ҳал кард.

Ҳалномаи додгоҳ аз сӯи Рустам Мирзоев, муовини раиси додгоҳ ва додраси парванда рӯзи душанбеи 4-уми март дар ҳузури намояндагони тарафҳо эълом шуд.

Дар ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе омадааст, ки «аризаи даъвогии Соҷида Назарова, собиқ мудири кӯдакистони шумораи 93 шаҳри Душанбе - «Санҷобча» алайҳи радиои Озодӣ ва Абдулло Ашӯров, хабарнигори ин радио, бинобар беасос будани даъвоҳояш, рад карда шавад.»

Бар асоси қонун, додгоҳ пас аз як ҳафтаи содир шудани ҳалнома, далелҳои рад шудани аризаи даъвогиро эълом хоҳад кард.

Аммо раванди мурофиаи додгоҳӣ, ки муддати беш аз як моҳ идома дошт, дуруст будани матлаби нашркардаи Радиои Озодиро, ки муаллифи он Абдулло Ашӯров аст, собит намуд.

Масъулон ва мураббияҳои "Санҷобча" муҷозот шуданд

Соҷида Назарова, мудири кӯдакистони «Санҷобча» дар аризаи даъвогиаш ба додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Радиои Озодӣ ва хабарнигори он--Абдуллои Ашӯровро барои паст задани шаъну эътибораш айбдор мекард.

Ҳол он ки матлаби нашркардаи Радиои Озодӣ дар асоси факту далелҳои санҷидашуда ва бо такя ба манбаъҳои журналистӣ ва тавозуни кори хабарнигорӣ таҳия шуда буд.
XS
SM
MD
LG