Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз 4 кило маводи мухаддир мусодира шуд


Беш аз 4 кило маводи мухаддир аз ҷониби милисаи шаҳри Душанбе дарёфт ва мусодира шуд. Ба иттилои сомонаи ВКД Тоҷикистон, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Зайлобиддинов Салим Урунбоевич соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Хуросонро дастгир карданд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи номбурда 4 килою 124 грамм маводи нашъадори навъи «афюн» дарёфт ва мусодира гардид.
Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтиш идома дорад, - хабар медиҳад манбаъ.
XS
SM
MD
LG