Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми даъвати AFC


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар шаҳри Қайроққум ба мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC омодагӣ мебинад.

Мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 17 бозигарро, ки 3 нафарашон дарвозабонанд, даъват кардааст.

Инҳо дарвозабонҳо Алишер Тӯйчиев, Абдулазиз Маҳкамов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Саидҷон Саидраҳмонов («Истиқлол»), ҳимоятгарон Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Сиёвуш Асроров («Хуҷанд»), нимҳимоятгарон Умедҷон Шарифов, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Иброҳим Рабимов (ҳама аз «Истиқлол»), Маҳмадалӣ Содиқов («Хуҷанд»), ҳамлагарон Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Юсуф Рабиев («Хуҷанд») ва Фарҳод Тоҳиров («Парвоз») мебошанд.

Футболбозони дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов, Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов, Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов ва Алексей Неъматов баъдтар ба даста ҳамроҳ мешаванд.

Бояд гуфт, ки дастаи «Регар-ТадАЗ» рӯзи 3-юми март барои ширкат дар нахустин бозии даври аввали мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC муқобили бошгоҳи «Сафо»-и Лубнон ба Бейрут сафар кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон нимҳимоятгар Нуриддин Давронов, ки чанд рӯз пеш ба дастаи «Слобода»-и Сербия гузашт ва ҳимоятгари «Волгар»-и Астрахан Фарҳод Восиев ин дафъа дар бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ширкат варзида наметавонанд.

Ҳимоятгар Давронҷон Эргашев, ки аз эҳтимол дур нест дар дастаи “Жетису»-и Қазоқистон бозӣ кунад, ба тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бишкек ҳамроҳ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек аз 17-ум то 21-уми март дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG