Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар ҷаласаи навбатии шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз, душанбеи 4 март, таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» баррасӣ шуд.

Дар хадамоти матбуотии парлумони Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова ва вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов шарҳ дода, аз ҷумла изҳор доштанд, ки маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва қабул намудани қонуни нави маориф тақозои замон аст.

Дар ин замина лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади таҳкими ислоҳот ва рушди соҳа, аз ҷумла таъмини сатҳу сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши таълимгирандагон, мутобиқат ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Зикр гардид, ки барои такмили лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо ҷалби мутахассисони соҳа, ҳуқуқшиносон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва ин лоиҳа мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибаи гурӯҳи мазкур қарор гирифта, ба он зиёда аз 1050 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки бештари онҳо дар такмили лоиҳаи қонун истифода шуданд.

Ҳамчунин, дар шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Оид ба ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳбари Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадшариф Ҳақдодов» муҳокима шуданд.

Аъзои шӯрои Маҷлиси намояндагон қисме аз масъалаҳои баррасишударо барои хулосабарорӣ ва такмил ба кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва қисми дигарро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рўзи 6-уми март баргузор мегардад, ирсол намуданд.
XS
SM
MD
LG