Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Карочӣ дар сӯги қурбониён нишастанд


Имрӯз дар шаҳри Карочии Покистон ба ёди қурбониёни ҳамлаи террористии рӯзи якшанбе рӯзи мотам эълон шудааст. Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар як маҳаллаи асосан шианишини шаҳр 52 нафар ба ҳалокат расида ва тақрибан 130 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дари мактабу мағлзаҳо ва бархе аз муассисаҳои Карочӣ баста аст. Чанде аз иттиҳодияҳои синфӣ хостори баргузории коршикании умумӣ шуданд.

Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст. Бархе аз расонаҳо бо такя ба полис навиштаанд, ки таркишро гурӯҳи “Лашкари Ҷангвӣ” анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG