Пайвандҳои дастрасӣ

Донишгоҳҳои Украина ва Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд


Охири ҳафтаи гузашта Донишгоҳи миллии Киев ба номи Шевченко бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо кард. Дар ин бора сомонаи Донишгоҳи миллии Киев хабар додааст.

Ҳайати Тоҷикистон бо шумули Маҳмадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Имомбек Қаландарбеков, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, вазъи маориф ва раванди таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро бо ректори Донишгоҳи миллии Киев Леонид Губерский мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, таҳкими равобити дуҷонибаро дар мавриди табодули донишҷӯён ва таҳсили аспирантон баррасӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG