Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал дар Ҳисор чанд милисаро аз кор ронд


Нурилло Орипов
Нурилло Орипов
Генерал-майори милитсия Нурилло Орипов, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, бо мақсади санҷиши ҳолати иҷрои фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба ноҳияи Ҳисор сафар кард.

Бино ба хабари сомонаи ВКД Тоҷикистон, дар рафти сафар Нурилло Орипов бо раиси ин ноҳия Усмон Сабзов ва фаъолону шаҳрвандон вохӯрд ва онҳоро ба ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ даъват намуд.

Инчунин, дар рафти санҷиш муайян шуд, ки ба иҷрои фармони президент аз сӯи ҳукумати ноҳияи Ҳисор беаҳамиятӣ зоҳир гардида, то имрӯз талаботҳои ин он пурра иҷро нашудааст. Мутобиқи ин фармон ҳукумати ноҳия мебоист, ки нозирони минтақавии милисаро бо ҳуҷраҳои корӣ, таҷҳизотҳои зарурӣ, телефон ва дигар намуди воситаҳои алоқа, мебел, компютер, воситаҳои нақлиёти хизматӣ (дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳӣ бо асп) таъмин мекард.

Ҳамчунин, дар натиҷаи санҷиш чанд нафар аз нозирони минтақавии милиса барои ҳамкории ғайриқаноатбахш бо аҳолӣ аз вазифа озод ва қисме барои кор ба дигар ноҳияҳо фиристода шуданд.
XS
SM
MD
LG