Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дастаи духтаронаи футболи Тоҷикистон ба Шри-Ланка


Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон барои ширкат дар аввалин мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё ба Шри-Ланка сафар кард.

Дар мусобиқаи қитъавӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ки дар шаҳри Коломбо аз 5-ум то 10-уми март баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон ва Эрон рақобат мекунад.

Сулаймон Бобокалонов, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, ба радиои “Озодӣ” гуфт, “ба ҳайати дастаи мунтахаб духтарони синнашон то 14-сола дохиланд. Нахустин бозии футболбоздухтарони тоҷик бо дастаи Ҳиндустон рӯзи 5-уми март барпо мегардад".


Ҳайати дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14):

Дарвозабонҳо: Сахина Мирзоева («Ҷиликӯл»), Зумрад Назарова («Регар-ТадАЗ», Турсунзода);

Ҳимоятгарон: Лайло Раҳмонова («Ҷиликӯл»), Дилафрӯз Шарифова, Ҷонона Ҳалимова, Нигора Исмоилова (ҳама аз «Барқ», Норак), Наргиза Юнусова («Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Марҷона Файзуллоева («Сарбанд»), Гулафшон Сараева, Маҳвора Достакова, Гуландом Ҳалимова, Гулсара Достова, Насиба Олимова (ҳама аз «Барқ», Норак), Рухшона Маҳмадалиева («Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Мавҷуда Сафарова («Вахш», Қӯрғонтеппа), Матлуба Абдуллоева («Ҷиликӯл»), Муниса Мирзоева («Ласточка», Душанбе).


Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон

Даври 1-ум. 5 март (сешанбе): Ҳиндустон – Тоҷикистон.
Даври 2-юм. 6 март (чоршанбе): Бутан – Тоҷикистон.
Даври 3-юм. 7 март (панҷшанбе): Тоҷикистон – Бангладеш.
Даври 4-ум. 9 март (шанбе): Тоҷикистон – Шри-Ланка.
Даври 5-ум. 10 март (якшанбе): Эрон – Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG