Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 2 миллион сомонӣ барои занони ҷорӯбкаши пойтахт


Дафтари матбуоти Ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи душанбеи 4 март ба радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрдорӣ ба муносибати «Рӯзи модарон» (8 март) ва иди Наврӯз ба занони бахши коммуналии пойтахт 1 миллиону 812 ҳазору 100 сомонӣ ҷудо кардааст. Ҳукумати пойтахт заҳмати ин занонро дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 мадди назар гирифта, ин иқдомро амалӣ мекунад.

Ҳамчунин, ба муносибати «Рӯзи модарон» занони фаъоли муассисаву идораҳои мақомоти шаҳрдорӣ низ қадрдонӣ шуда, ба ин муносибат аз хазинаи захиравии шаҳрдорӣ 1 754 900 сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ин қарори худро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони шаҳр пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG