Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба иттилои хабаргузории русии “Интерфакс”, як зани тоҷик дар шаҳри Маскав ба қатл расонда шудааст.

Дафтари матбуотии пулиси Маскав гуфтааст, ки рӯзи 2-юми март тақрибан соати 14:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ шахсе аз маҳали ин фоҷеа ба онҳо дар ин бора телефонӣ хабар додааст.

Пулис мегӯд, дар гардишгоҳи кӯчаи Орликов 5, марде ба бадани ин зан чанд зарбаи корд зада ва то расидани пулис зан аз захмҳои корд ҷон додааст.

Мардеро ҳамчун қотили эҳтимолӣ боздошт кардаанд ва чеҳраи вай ба мардуми Осиёи Марказӣ шабоҳат доштааст. Ин мард ба худ низ корд задааст ва ҳоло вай дар бемористон қарор дорад.

Дафтари матбуотии пулиси Маскав мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд миёни ин марду зан муноқиша рух додааст ва бо кордзанӣ ба поён расидааст. Аз ин зану мард ном бурда намешавад.

Қатли ин зани тоҷик дар Маскав дар ҳоле рух дод ки ҳамаги як чанд рӯз қабл як навраси 15-солаи тоҷик дар пойтахти Русия кушта шуда буд. Муқимҷон Абдуғаниев, навраси 15-солаи тоҷикро рӯзи 26-уми феврал дар пеши чашми мардуми зиёде дар шаҳри Маскав кушта шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон ва наздикони Муқимҷон Абдуғаниев, ӯ шабонгоҳ барои бозгашт ба хона дар истгоҳ мунтазири мусофирбар будааст ва дар ин ҳангом бо сабабҳои ҳанӯз номаълум миёни ӯ ва гурӯҳе аз наврасон муноқиша бархостааст ва яке аз онҳо навраси тоҷикро чанд корд задааст.

Кишвари Русия мизбони миллионҳо муҳоҷири хориҷӣ аст ва гуфта мешавад беш аз як миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ин кишвар будубош мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG