Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи лафзии Башор Асад ба Британия


Башор Асад - президенти Сурия
Башор Асад - президенти Сурия

Башор Асад, президенти Сурия, дар як мусоҳибаи матбуотӣ гуфт, ки аз мақоми раёсати ҷумҳурии Сурия истеъфо нахоҳад дод.

Башор Асад, ки маъмулан хеле кам мусоҳиба медиҳад, Британияро барои ҳимояташ аз мухолифони сиёсии Сурия дар даргириҳои дусолаи фоҷеабор интиқод кардааст.

Асад дар ин мусоҳиба бо рӯзномаи “Sunday Times”-и чопи Лондон, ки аз тариқи телевизион ҳам пахш шуд, ғайричамдошт ба Британия ҳамлаи лафзӣ кард ва даст доштани Британия дар бӯҳрони Сурияро “бериёӣ” ва “ғайривоқеӣ” номид: “Мо чӣ тавр метавонем аз Британия бихоҳем, ки дар ҳалли бӯҳрони Сурия нақше бозӣ кунад, дар ҳоле ки худаш қасд дорад, масъаларо низомӣ кунад? Чӣ тавр мо метавонем аз онҳо бипурсем, ки барои беҳбуди вазъ ва таъмини субот нақше бозӣ кунанд? Мо чӣ тавр метавонем аз онҳо интизор бошем, ки хушунатҳоро камтар кунанд ва барои музокироти байни нерӯҳои Сурия ба хотири беҳбуди вазъ кӯмак расонанд. Дар ҳоле ки онҳо мехоҳанд ба террористҳо кӯмакҳои низомӣ фиристанд. Ин мантиқ надорад”.

Британия якҷо бо аксари кишварҳои Аврупои Ғарбиву Амрико ва чанд кишвари арабӣ аз мухолифони давлати Башор Асад ҳимоят мекунанд ва розӣ нестанд, ки худи Башор Асад дар давлати ояндаи Сурия нақше дошта бошад.

Британия, ҳамчунин, талош кардааст, ки фурӯши аслиҳа ба мухолифони сиёсии Сурия иҷоза дода шавад ва онҳоро бо аслиҳа таъмин кунанд. Аммо Иттиҳодияи Аврупо ин даъвати Британияро қабул накард ва гуфт, ки кӯмакҳои техникӣ ба мухолифони давлати Сурия оқибатҳои фоҷиаомез дорад.

Дар давоми даргириҳои зидди режими Башор Асад ва мухолифони сиёсиаш бештар аз 70 000 нафар кушта шудаанд. Мухолифони сиёсӣ барканории Асадро тақозо мекунанд.

Аммо Асад дар мусоҳиба бо “Sunday Times” гуфт, ки ба истеъфо намеравад ва ин кори “пучу бемаънист”, ки гӯё бо истеъфои вай даргириҳо дар Сурия қатъ мешуда бошад.

Асад ҳамчунин гуфт, ки вай ба гуфтугӯ бо “мухолифон” розист, на бо “террористҳо”. Лахдар Иброҳимӣ, фиристодаи Дабири Кулли СММ барои Сурия, гуфт, онҳо омодаанд дар музокироти миёни Асад ва мухолифон миёнравӣ кунанд.

Ин мусоҳибаи Башор Асад дар қасри “Муҳоҷирин”-и Димишқ ҳафтаи гузашта сабт шуда буд ва дар ҳоле пахш гардид, ки Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии Амрико, аз кишварҳои Ховари Миёна боздид мекунад.

Ҳафтаи гузашта бори аввал Амрико ӯҳдадор шуд, ки ба гурӯҳҳои зидди Башор Асад кӯмакҳои ғайринизомӣ мефиристад. Амрико, ҳамчунин, ба арзиши 60 миллион доллар ба минтақаҳои зери назорати мухолифони давлати Сурия кӯмакҳои тиббӣ ва ашёи таҳсил хоҳад фиристод.
XS
SM
MD
LG