Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон таҳрими Амрикоро нисбати Эрон сарфи назар кард


Осиф Алӣ Зардорӣ - раиси ҷумҳури Покистон
Осиф Алӣ Зардорӣ - раиси ҷумҳури Покистон

Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, аз тасмими ҳукумати кишвараш дар мавриди ширкат дар сохтмони лӯлаи гази Эрон ҷонибдорӣ кард.

Вай зимни суханронии худ дар Лоҳур ба рӯзноманигорон гуфт, сохтмони ин лӯлаи газ ба манофеи миллии Покистон мутобиқат мекунад, мисли ин ки Покистон бо Чин дар мавриди фаъолияти бандари Гавадар қарордод имзо карда буд.

Ин суханонро Осиф Алӣ Зардорӣ баъд аз боздидаш аз Эрон изҳор дошт. Вай дар аввали ҳафта аз Теҳрон боздид ва дар мавриди такмили сохтмони ин лӯлаи газ бо Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳур ва оятулло Алӣ Хоманеӣ, раҳбари рӯҳонии ин кишвар музокироти ниҳоӣ анҷом дод.

Хабаргузориҳо мегӯянд, як ширкати Эрону Покистон 11 март дар дохили қаламрави Покистон, дар он тарафи марзи Эрон, ба иҷрои ин тарҳи 7,5 миллиард долларӣ оғоз хоҳад кард. Қарор аст дар маросими оғози кор раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар ва мақомоти баландпояи ҳар ду ҷониб ширкат кунанд.

Дарозии ин лӯлаи газ дар қаламрави Покистон 780 километрро ташкил хоҳад дод, ки арзиши сохтмони он 1,5 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Дар қаламрави Эрон эҳдоси ин лӯлаи газ тақрибан такмил шудааст ва Алӣ Хоманеӣ дар ҷараёни боздиди Осиф Алӣ Зардорӣ аз Теҳрон гуфта буд, ки бо вуҷуди мухолифати Амрико, сохтмони лӯлаи гази Эрону Покистон намунаи хуби ҳамкориҳо ва муносиботи хуби миёни Теҳрон ва Исломобод хоҳад буд.

Аммо Амрико мухолифи сохтмони ин лӯлаи газ мебошад ва барои барномаҳои зиддунақизи ҳастаӣ мехоҳад Эронро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор диҳад. Бо вуҷуди мухолифати Амрико, раҳбарони Покистон эълон кардаанд, ки мехоҳанд ин тарҳ амалӣ шавад, зеро барои кишварашон таъмини энержӣ муҳимтар аст.

Амрико мегӯяд, аз роҳҳои дигар камбуди энержиро барои Покистон ҷуброн хоҳад кард. Рӯзи чаҳоршанбе вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, “мо ниёзмандиҳои Покистон ба энержиро мефаҳмем, вале мо фикр мекунем, ки роҳҳои дигари ҳал кардани ин масъала барои муддати тӯлонӣ вуҷуд дорад”.

Соли 2010 Эрон ва Покистон ба тавофуқ расида буданд, ки Теҳрон то миёнаҳои соли 2015 сохтмони лӯлаи газро ба поён хоҳанд расонд ва ҳар рӯз ба воситаи он ба Покистон 21 миллион метри муккааб газ интиқол хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG