Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларза дар Тоҷикистон


Субҳи имрӯз, 3 март, дар Тоҷикистон замин ҷунбид. Хабаргузории Tengrinews такя ба иттилои Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин менависад, ҷунбиши қишри замин бо қувваи 5,1 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер соати 10:12 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Ба гуфти ин манбаъ, маркази заминларза дар 59 километрии ҷануби мавзеи аҳолинишини Қарокенҷа дар шарқи Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Дар мавриди харобиҳо, ҳалокат ва ё ҷароҳат дидани одамон хабаре нест.
XS
SM
MD
LG