Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Кохи Сафеди Амрико эълон кард, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико моҳи сентябр ба Санкт-Петербурги Русия сафар ва дар он ҷо дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои Ҷӣ-20 ширкат хоҳад кард.

Тибқи ин хабар, қарор аст Обама дар моҳи июн аз Ирландияи Шимолӣ низ боздид ва дар мулоқоти раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи ҷаҳон бо номи Ҷӣ-8 ширкат ҷӯяд.

Ширкати Обама дар ин ду маҷмаъи бузурги иқтисодӣ замоне таъйид шуд, ки рӯзи ҷумъа Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия телефонӣ бо Барак Обама гуфтугӯ кард.

Ин ду раҳбар дар ҳошияи ҳар ду маҷмаъ бо якдигар мулоқоти алоҳида хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG