Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Балуҷистони Покистон рӯзноманигорро террор карданд


Пулиси аёлати Балуҷистони Покистон мегӯяд, ки ҳамлакунандагон савори мототсикл ба сӯи Маҳмуд Афридӣ-рӯзноманигори маҳаллӣ тир холӣ кардаанд ва вайро ба қатл расондаанд. Аҳмадшоҳ Ланго-афсари боломақоми пулис гуфт, Афридӣ рӯзи ҷумъа замоне кушта шуд, ки дар шаҳраки Калот ба клуби матбуотӣ мерафт. Калот аз шаҳри Кветта 150 километр дуртар аст.

Ба гуфтаи пулис, Афридӣ дар рӯзномаи маҳаллии “Интихоб” кор мекард ва раҳбарии клуби матбуотиро дар Калот бар ӯҳда дошт.

Афридӣ дуввумин рӯзноманигорест, ки дар як ҳафтаи ахир дар Покистон ба қатл расид. Малак Мумтоз-корманди телевизиони хусусии Geo 27 феврал дар рӯ ба рӯи бинои клуби матбуотӣ дар Вазиристони Шимолӣ ҳадафи тир қарор гирифта буд.

Созмони байналмиллалии Рӯзноманигорони бидуни марз Покистонро аз лиҳози хатар ба ҷони рӯзноманигорон баъд аз Сурияву Сомалӣ кишвари севвум медонад.
XS
SM
MD
LG