Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи парванда алайҳи телевизиони "Ҷаҳоноро"


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд парванда алайҳи телевизиони хусусии "Ҷаҳоноро"-ро қатъ кардааст.

Додситонии вилояти Суғд охири моҳи сентябри соли равон алайҳи телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” барои пахши хабари «нодуруст» дар бораи ҳалокати 38 нафар дар сӯхтори бозори “Корвон”, мутобиқи банди 373- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, парванда боз карда буд.

Тибқи ин айбномаи додситонӣ, дар хабари "Ҷаҳоноро" фавтидагон дар сӯхтори бозори “Корвон” ба ҷойи 3-8 тан, "38 нафар” эълон шуда буданд.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои телевизони «Ҷаҳоноро» ба "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи 28-уми феврал ӯро ба Додгоҳи шаҳри Хуҷанд даъват карда ва қарор дар мавриди қатъ шудани ин парвандаро ба дасташ додаанд.

Муҳаббат Ҷураева мегӯяд, муддате се моҳ аз тарафи мақомоти кишвар ҳеҷ шикояте дар нисбати парванда пешниҳод нашуд ва даъвое сурат нагирифт ва аз ин рӯ мувофиқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон, идомаи баррасии он қатъ карда шуд. Ба нақли хонум Ҷӯраева, бо ҳамин телевизиони хусусии «Ҷаҳоноро» дар шаҳри Чкаловск ба фаъолияти худ идома медиҳад .

Ба дунболи пахши ин хабар, сармуҳаррири телевизиони мустақили "Ҷаҳоноро" Маҳмудҷон Додобоев мутобиқ ба банди 373 – и Қонуни матбуоти Тоҷикистон - “риоят накардан ба қонунҳои васоити ахбори омма” айбдор дониста шуда, додситонӣ парвандаи ӯро ҷиҳати бозбинӣ ба додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол намуда буд.

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи телевизиони мазкур гуфт, манбаи он хабар хабаргузории сомонаи “Тоҷнюс” буда, Қонуни матбуоти Тоҷикистон дар чунин ҳолат истифодакунандаи онро “бо зикри манбаъ” аз ҷавобгарӣ озод менамояд. Ҳамчунин, дар пайи пахши он хабар, “Ҷаҳоноро” раддия пахш карда, хабари дурустро дар ихтиёри бинандаҳои худ гузошт, вале аз ҷониби мақомот нодида гирифта шуд.

Сарфи назар ин, ба гуфтаи хабарнигорони “Ҷаҳоноро”, пас аз нашри хабари нодуруст мақомот роҳбар ва сармуҳаррири телевизиони мазкурро мавриди фишору таҳдид қарор додаанд ва Маҳмудон Дадобоев, раҳбари “Ҷаҳоноро” дар пайи фишорҳои мақомот ва соҳиби телевизион, ночор зери аризаи истеъфои худ имзо гузошта буд.

Сипас додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи мазкурро ба Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ирсол кард. Ва тавре Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои телевизиони мазкур мегӯяд, тайи ин панҷ моҳе, ки парвандаи мазкур маврди баррасӣ қарор дошт, Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо назардошти тайи се моҳ нарасидани шикоят аз тарафи мақомот, аз ҷумла Додситонии вилоят, парвандаро қатъ кард.

Телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” соли 1992 таъсис ёфта, субҳу шом 8 соат намоиш пахш мекунад. Ҳамчунин, дар канори он радиои ҳамномаш низ аз моҳи июли соли равон бо 6 соат барномаҳои хабариву мусиқӣ дар шабонарӯз фаъол шудааст.
XS
SM
MD
LG