Пайвандҳои дастрасӣ

Обама фармони коҳиши иҷбории хароҷоти давлати Амрикоро имзо кард


Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа фармони коҳиши иҷбории хароҷоти давлати федералии Амрикоро имзо кард.

Ин иқдом ба дунболи шикасти музокироти Барак Обама бо раҳбарони демократҳо ва ҷумҳурихоҳони Конгресс дар бораи роҳҳои коҳиши будҷаи давлати федералӣ сурат гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Кохи Сафед нусхае аз фармони Барак Обама дар хусуси коҳиши иҷбории хароҷот дар соли соли 2013-ро мунташир кардааст. Дар ин фармон омадааст, «созмонҳои давлатӣ аз шанбе то аввали октябр коҳиши 85 миллиард доллар аз будҷаи худро оғоз мекунанд.»

Борак Обама рӯзи ҷумъа бо раҳбарони ҷумҳурихоҳ ва демократҳо дар Конгресси Амрико дидор кард то ба роҳи ҳалле барои коҳиши иҷбории будҷа пайдо кунад. Аммо ин музокирот натиҷае дар пай надошт ва вай дар ниҳоят фармони коҳиши иҷбории хароҷотро имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Барак Обама пеш аз имзои ин фармон гуфт, «ин коҳиш ба иқтисоди мо латма хоҳад зад, боиси аз даст рафтани фурсатҳои корӣ хоҳад шуд. Барои ин ки масъала ҳал шавад, ниёз аст, ки ҳар ду тараф битавонанд созиш кунанд.»

Барак Обама коҳиши иҷбории будҷаро «ғайри зарурӣ» донистааст. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, ин коҳиши будҷаи 85 миллиард долларӣ дар хароҷоти бахши умумӣ, метавонад бахши густурдае аз коркунони давлати федералӣ, аз ҷумла нерӯҳои низомӣ ва дигар созмонҳои давлатиро таҳти таъсир қарор диҳад.

Дар ҳамин замина вазири дифои Амрико ҳушдор додааст, ки коҳиши иҷбории будҷа фаъолиятҳои нерӯҳои низомии ин кишварро ба хатар хоҳад андохт.
Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, дар ҳудуди 46 миллиард доллар будҷаи вазорати дифои Амрико коста хоҳад шуд.

Ин 85 миллиард доллар мебоист аз будҷаи ҳафт моҳи ояндаи Амрико коста шавад. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, ҷолиши баъдӣ дар баробари Кохи Сафед ва Конгресс, дар хусуси тасвиби будҷаи соли молии нав дар 27-уми март хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG