Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке аз пешвоёни ал-Қоида дар Африқо кушта шудааст


Президенти кишвари африқоии Чад Идрис Дебӣ мегӯяд, сарбозони ин кишвар як фармондеҳи баландпояи ал-Қоидаро дар кишвари Малӣ ба қатл расондаанд. Рӯзи ҷумъа Дебӣ гуфт, ки Абдулҳамид Абузайд, яке аз раҳбарони ал-Қоида дар Мағриб 22-уми феврал ба қатл расид, Абузайд, ки дар Алҷазоир ба дунё омадааст, бо рабудани даҳҳо шаҳрванди мамолики ғарбӣ ва куштори ҳадди ақалл ду нафари онҳо муттаҳам мебошад. Расонаҳои хабарии Алҷазоир гузориш медиҳанд, ки муқоисаи намунаи ДНК-и Абузайд бо хешовандонаш собит мекунад, ки пешвои даҳшатафканон ҳалок шудааст. Ахиран нерӯҳои Фаронса дар Малӣ амалиёти низомӣ раҳандозӣ намуда, ҷангҷӯёни исломиро аз минтақаҳое, ки соли гузашта ишғол намуда буданд, берун карданд. Ҳоло нерӯҳои фаронсавӣ ҳамроҳ бо сарбозорни африқоӣ ҷангҷӯёни исломиро дар шимоли Малӣ таъқиб доранд.
XS
SM
MD
LG