Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ изҳороти Эрдуғонро "қобили эътироз" номид


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ мегӯяд, изҳороти ахири сарвазири Туркия дар бораи саҳйунизм (сионизм) “қобили эътироз” мебошад. Рӯзи чоршанбе дар як конфронси зери парчами СММ дар шаҳри Вена сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, исломситезӣ бояд мисли “саҳйунизм, ақоиди зидди сомӣ ва фашизм” ҷиноят бар зидди инсоният арзёбӣ шавад. Рӯзи ҷумъа дар Анкара дар як нишасти матбуотии муштарак бо вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу Керрӣ гуфт, “мо ба ин гуфтаҳо на танҳо мувофиқ нестем, балки онро қобили эътироз мешуморем.”
Керрӣ иброз дошт, ки тамоми раҳбарон бояд ба тарғиби руҳияи таҳаммул рӯй оранд. Керрӣ тасмим гирифтааст, ин суханонро дар мулоқоташ бо сарвазир Эрдуғон такрор кунад. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу низ изҳороти Эрудғонро танқид кардааст.
XS
SM
MD
LG