Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои вазири молияи Ироқ ба нишони эътироз


Рафо Исавӣ

Рафо Исавӣ

Вазири молияи Ироқ Рафо Исавӣ дар як тазоҳуроти зиддидавлатӣ истеъфояшро эълон кард. Исавӣ, ки як намояндаи шинохтаи сунниҳост, ба издиҳоми ҷамъшуда дар шаҳри Рамодӣ дар вилояти Анбор дар ғарби Ироқ гуфт, ба нишони эътироз ба сиёсати давлати таҳти раҳбарии шиъаҳо истеъфо медиҳад ва дигар намехоҳад узви ҳукумати “мазҳабӣ” бошад. Чанд ҳафта боз даҳҳо ҳазор сунниҳои Ироқ дар эътирозҳо сарвазири шиъа Нурӣ Моликиро ба таъқиби ақалияти суннӣ айбдор мекунанд. Дар моҳи декабр боздошти чанд муҳофизи Исавӣ мунҷар ба мавҷи эътирозҳо шуда буд.
XS
SM
MD
LG