Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Лукашенка ба ҳукумати Беларус


Аляксандр Лукашенк
Аляксандр Лукашенк
Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка таҳдид кард, ки ҳукумати кишварро ба далели натоиҷи заифи иқтисодӣ барканор хоҳад кард. Лукашенка рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи кобина гуфт, “дар соли ҷорӣ ҳам такрор шудани вазъи иқтисодии соли 2012 ба барканории билофосилаи ҳукумат хоҳад овард.” Хабарҳо аз Беларус мегӯянд, ки иқтисоди кишвар дар соли 2012 ҳамагӣ 1,5 фоиз рушд доштааст ва ин дар ҳолест ки Лукашенка дастикам 5 дарсад рушдро пешбинӣ мекард. Ҳушдори Лукашенка дар ҳолест, ки Бонки миллии Беларус ба далели таваррум пулҳои 10- ва 20-рублиро аз муомилот берун кард. Ҳоло як доллар баробари 8650 рубли Беларус шудааст.
XS
SM
MD
LG