Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Балуҷистон бенишон шудааст


Додситони кулли вилояти Балуҷистон дар ҷанубуғарби Покистон бенишон шудааст. Саид – бародари Васӣ Торин гуфт, аҳли хонавода беш аз як шабонарӯз аст, ки бо ӯ тамос надоранд. Саид Торин гуфт, тамос бо додситон замоне гум шуд, ки ӯ дар роҳи сафар аз Квейта- маркази Балуҷистон - ба пойтахт, Исломобод дар ноҳияи Жоб қарор дошт. Аъзои анҷумани ҳуқуқдонҳои Балуҷистон эълон карданд, ки ба нишони эътироз ба қазияи Торин имрӯз мурофиаҳоро бойкот мекунанд.
XS
SM
MD
LG