Пайвандҳои дастрасӣ

Нуриддин Давронов ба дастаи “Слобода”-и Сербия гузашт


Нуриддин Давронов

Нуриддин Давронов

Нуриддин Давронов, бозигари 22-солаи тоҷик ва узви дастаи мунтахаби миллии кишвар, ки беҳтарин нимҳимоятгари Тоҷикистон дар соли 2012-ум гардидааст, дар Суперлигаи Сербия бозӣ хоҳад кард.

Капитани дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон баъди чаҳор соли бозӣ дар дастаи “Истиқлол” бо бошгоҳи «Слобода Пойнт Севойно» аз Ужитса шартнома баст.

“Дар дастаи “Истиқлол” бозӣ кардан дар ҳаёти варзишии ман қадами бузурге буд, вале ман пешниҳоде гирифтам, ки аз он даст кашидан мумкин нест. Ман аз раиси бошгоҳи футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидов миннатдорам, ки маро фаҳмид ва ба ман иҷозат дод, ки имконияти ба «Слобода»-и Сербия гузаштанро истифода намоям. Ин қисмати нави ман аст ва мехоҳам, ки худро бисанҷам”, - гуфтааст Нуриддин Давронов ба сомонаи «Истиқлол».

Дирӯз Нуриддин Давронов ба Белград омад ва аз пойтахти Сербия ба Ужитса сафар намуд ва ба дастаи наваш пайваст. Ӯ ҳамчун бозигари «Слобода» таҳти рақами 10 бозӣ хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки баъди 16 даври мусобиқа «Слобода» дар ҷадвали мусобиқоти Суперлигаи Сербия шашум аст.

Нуриддин Давронов дар ҳайати «Слобода» метавонад дар бозӣ муқобили БСК «Борча», ки 2-юми март баргузор мешавад, ширкат варзад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG