Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

А.Достиев: Ба Русия ёддошти эътирозӣ хоҳем дод


Абдулмаҷид Достиев

Абдулмаҷид Достиев

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев рӯзи 1 март дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба тавқифи 150 мусофири хатсайри Хуҷанд-Ростов дар фурудгоҳи ин шаҳри лаби Дон ба вазорати хориҷаи Русия ёддошти эътирозӣ хоҳад фиристод. Оқои Достиев ҳамчунин гуфт, ки аз мақомоти Русия товони зарари ин мусофиронро низ тақозо хоҳанд кард. Рӯзи 28 феврал дар фурудгоҳи Ростов бо ин гумон, ки 3 мусофир аз Тоҷикистон шояд гирифтори вабоянд, ҳамаи 150 мусофири ҳавопайморо ба карантин бурданд. Ин қазия дар матбуоти Русия сарусадои зиёд пайдо кард. Аммо рӯзи ҷумъа маълум шуд, ки он 3 мусофир гирифтори на вабо, балки танҳо дарунрав (дизентерия) будаанд.
XS
SM
MD
LG