Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқодҳо аз изҳороти Эрдуғон алайҳи саҳюнизм


Эрдуғон дар анҷумани Вена

Эрдуғон дар анҷумани Вена

Як мақоми амрикоӣ гуфт, вазири хориҷаи ин кишвар Ҷон Керрӣ аз баёнияи сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки саҳюнизмро «ҷиноят алайҳи башарият» ба қалам дод, изҳори нигаронӣ хоҳад кард. Ин мақом зимни парвоз дар ҳавопаймое, ки Керриро аз Рум ба Анкара мебурд, ин ҳарфҳои Эрдуғонро «хеле тавҳиномез» номид. Эрдуғон рӯзи чоршанбе дар як анҷумани СММ дар Вена гуфт, бадбинии Ислом бояд «ба мисли саҳюнизм, яҳудибадбинӣ ва фашизм» ҷиноят алайҳи башарият эътироф шавад. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дирӯз ин назари Эрдуғонро «торику ботил» хонд. Кохи Сафед низ онро маҳкум карда, сухангӯи дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ин изҳоротро «таассуфангез, зиёновар ва тафриқаандоз» ба қалам дод. Туркия танҳо кишвари мусалмони муттаҳиди Исроил буд, вале равобити онҳо дар солҳои охир хеле бад шудааст.
XS
SM
MD
LG