Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек аз Маскав таҷҳизоти низомӣ хостааст


Қирғизистон аз Русия хостааст, ки бо таҷҳизоти низомӣ таъминаш кунад. Нозири Шӯрои мудофиаи Қирғизистон Одилбек Қурбонов ба Маскав ирсол шудани рӯйхати чунин таҷҳизотро таъйид кард, вале аз ирои ҷузъиёт худдорӣ варзид. Қурбонов гуфт, дархости онҳо дар дасти баррасии Маскав қарор дорад. Дирӯз РИА Новости аз қавли дабири Шӯрои мудофиаи Қирғизистон Бусурмонқул Тааболдиев хабар дод, ки Бишкек аз Маскав тонку тӯп ва таслиҳоти сақили низомӣ хостааст. Зимни сафари моҳи сентябри раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Бишкек қарордодҳо дар бораи таъсиси пойгоҳи нави низомии Русия ва ёриҳои низомии Маскав ба Қирғизистон имзо шуда буд.
XS
SM
MD
LG