Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Десантчиёни рус ҳаққи мудохила дар буҳронҳои СПАД-ро доранд"


Русия мегӯяд, неруҳои десантии ин кишвар метавонанд дар ҳалли буҳронҳои давлатҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат кунанд. Рӯзи ҷумъа дар нишасти васеъи ниҳодҳои қудратии Русия вазири дифои ин кишвар Сергуй Шойгу дастур додаст, ки масъалаи ширкати неруҳои дестантии Русия ҳамчун неруҳои вокуниши сареъ дар ҳалли низоъ ва буҳронҳо дар хориҷи кишварро баррасӣ кунанд.

Владимир Шаманов, фармондеҳи Неруҳои десантии Русия 1-уми март ба расонаҳои хабарии ин кишвар гуфтааст, ки дар ҳолатҳои зурурӣ ва хусусан буҳронӣ дар кишварҳо, Неруҳои дестании Русия (ВДВ) метавонанад дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ дар кишварҳои узви СПАД ширкат кунанд.

Дар расидагӣ ба ин суол, ки дақиқан дар кадом кишварҳо метавонанд ширкат кунанд, Владимир Шаманов гуфтааст, ки "дар Тоҷикистон, дар Арманистон ва Қирғизистон метавонанд ширкат кунанд ва дар бартараф кардани буҳронҳо амниятӣ ширкат кунанд."

Дар ҳамин ҳол Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон низ ин масъаларо тасдиқ кард ва афзуд, ки миёни кишварҳои узви Паймони амнияти дастиҷамъӣ шароитҳое вуҷуд дорад, ки ширкати Русияро дар ҳалли низоъҳо ё худ буҳронҳо дар кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон иҷозат медиҳад.

Ба қавли Фаридун Маҳмадалиев, дар доираи кишварҳои Узви СНГ Бригадаи десантии зарбавии неруҳои зудамали зудамали Осиёи миёна амал мекунад, ки ба он Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомиланд ва илова ба ин Неруҳои муштараки вокуниши сареъи СПАД амал мекунад, ки дар доираи он Русия метавонад дар ҳали бартараф кардани буҳронҳои Тоҷикистон ширкати амалӣ дошта бошад.
XS
SM
MD
LG