Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи шаҳри Ростови лаби Дони Русия бо гумони бемории вабо бистарӣ шуда буданд, дар асл гирифтори дарунрав(дизентерия) будаанд. Мақомоти Ростов ба дунбол ҳамаи 150 мусофири хатти сайри Хуҷанд- Ростовро, ки дар пайи кашфи аломатҳои беморӣ дар бадани он се мусофир шабро дар як карантин дар Ростов рӯз карданд, ҷавоб додаанд. Мақомот мегӯянд, онҳо метавонанд сафари худ дар Маскаву Петербургро идома диҳанд.
Матбуоти Русия сарусадо карда буд, ки дар бадани мусофирони тоҷик бемории вабо кашф шудааст.
Матбуоти Русия сарусадо карда буд, ки дар бадани мусофирони тоҷик бемории вабо кашф шудааст.