Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай назорат бар малишаҳоро тақозо дорад


Ҳомиди Карзай

Ҳомиди Карзай

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар пасманзари гумонҳо дар бораи бадрафтории воҳидҳои шибҳанизомии маҳаллии марбут ба нирӯҳои таҳти фармони Амрико хостори касби назорат бар тамоми ин нирӯҳо шуд. Карзай ба як ҳайъат амр дод, то гурӯҳҳои ҳамкори нирӯҳои хориҷиро, ки берун аз назорати давлати ӯянд, мушаххас кунанд. Сифатуллоҳ Сӯфӣ – раиси маркази расонаҳои ҳукумати Афғонистон ба Озодӣ гуфт, ҳадафи ҳайъат идғоми ин малишаҳо ба нирӯҳои давлатист. Карзай барои таҳвили назорати ин нирӯҳо ба эътилоф 3 моҳ фурсат додааст. Кобул мегӯяд, ин амр на ба нирӯҳои пулис, балки асосан ба “сохторҳои параллел”-е дахл дорад, ки нирӯҳои вижа ва Идораи ҷосусӣ ва дигар таъсисоти низомии Амрико созмон додаанд. Афғонҳо малишаҳоро ба боздоштҳои ғайриқонунӣ, шиканҷа ва бадрафториҳои дигар айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG