Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти чаҳоруми “Регар” дар бозии санҷишӣ ба “Нефтяник”


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки ба нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 омодагӣ мебинад, рӯзи 28-уми феврал дар шаҳри Белеки Туркия бозии охирини санҷишӣ анҷом дод.

Ин дафъа “Регар-ТадАЗ”аз дастаи лигаи аввали Украина - «Нефтяник Укрнефт» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ҳарсе гол дар нимаи аввали дидор зада шуд.


Ҳамин тариқ, «Регар-ТадАЗ» дар ҳамаи чаҳор бозии санҷишӣ дар ҷараёни ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия мағлуб гашт. Пеш аз ин футболбозони Турсунзода аз бошгоҳи дивизиони якуми Сербия - «Младеноватс» (1:3), аз дастаи лигаи якуми Қазоқистон - «Оқҷетпес» (1:2) ва бошгоҳи премйер-лигаи Украина - «Арсенал»-и Киев (0:1) шикаст хӯрда буданд.


Ба иттилои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, футболбозони шаҳри Турсунзода дар Туркия ба Ҷоми AFC-2013 то 2-юми март омодагӣ мебинанд. Баъдан рӯзи 3-юми март даста барои ширкат дар нахустин бозии мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC бо тими «Сафо»-и Бейрут ба Лубнон сафар хоҳад кард. Ин бозии гурӯҳи “А”рӯзи 5-уми март соати 20 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.
XS
SM
MD
LG