Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ноҳияи Восеъ интихоботи миёндавраӣ барпо мешавад


Комисияи раъйпурсӣ ва интихоботи Тоҷикистон интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи ноҳияи Восеъро эълон кард.

Абдуманнон Додоев, сардори Дастгоҳи Комиссиюни интихоботии Тоҷикистон рӯзи 1 март ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи ахири аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар қарор қабул карда шуд, ки 5 майи соли равон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 интихоботи миёндавраӣ баргузор шавад.

Қарор аст, интихобот барои ҷойгузинии курсии Рустам Латипов дар Маҷлиси намояндагон барпо шавад. Ин номзад аз ҳизби Аграрии Тоҷикистон чанд рӯз пеш аз ҷониби президенти ба мақоми раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ таъйин шуд. Баъди таъйиноти ӯ ба ин вазифа, рӯзи 27 феврал дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ваколати депутатиаш қатъ карда шуд.
XS
SM
MD
LG