Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт пулиси афғонро дар Кунар куштанд


Бино ба гузоришҳо, дар вилояти Кунари Афғонистон бар асари таркиши бомбе дасти кам 9 нафар, аз ҷумла 7 маъмури пулис кушта шудаанд. Мақомоти Кунар мегӯянд, мошине, ки чанд нафар аз ҷумла маъмурони захмии пулисро мебурд, ба бомби канори роҳ бархӯрдааст. Ин маъмурони пулис дар таркиши дигаре маҷрӯҳ шуда буданд ва онҳоро ба шифохона мебурдаанд. То кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо волии Кунар бомбгузориро кори дасти Толибон хонд.
XS
SM
MD
LG