Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми Момсило Перисичро беэътибор карданд


Додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Созмони Милал, ҳукми Момсило Перисич, фармондеҳи собиқи артишӯи Югославияро беэътибор кард ва амр дод, то ӯро фавран аз зиндон раҳо кунанд. Ҳайъати таҷдиди назар дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангии Созмони Милал барои Югославияи собиқ рӯзи панҷшанбе бо судури ҳукме гуфт, Момсило Перисич, нерӯҳои сербро мустақиман ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ дар Босния ва Хорватия ҳидоят накардааст. Ба гуфтаи онҳо, Перисич ҳамчунин ба ҳадде қудрат надоштааст, ки битавонад, сарбозонеро, ки Загреб пойтахти Хорватия бо тӯпхона бомборон мекарданд, танбеҳ бидиҳад. Додгоҳи ҷинотҳои ҷангӣ моҳи июни соли 2011 Момсило Перисичро бо гуноҳи қатл, ҳамла ба ғайринизомиён дар Босния ва Хорватия дар ҷанги солҳои 1990 ба 27 соли зиндон маҳкум карда буд. Перисич аз соли 1993 то соли 1998 фармондеҳи ҳайъати фармондеҳии артиши Югославия буд.
XS
SM
MD
LG