Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба шӯришиёни Сурия кӯмак мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, кишвараш нахустин бор ба шӯришиёне, ки алайҳи ҳукумати Башшор Асад дар Сурия меҷанганд, кӯмаки ғайринизомӣ хоҳад кард. Ҷон Керрӣ пас аз нишасти “Дӯстони Сурия” дар шаҳри Рум гуфт, ки Амрико ба шӯришиёни Сурия бо арзиши 60 миллион доллар, аз ҷумла маводи ғизоӣ ва доруворӣ хоҳад дод: "Иёлоти Муттаҳида қарор кард, ки бо назардошти вазъи феълӣ маводи ғизоӣ ва доруворӣ мустақиман ба шӯришиёни Сурия, аз ҷумла нерӯҳои мусаллаҳи онҳо дода мешавад. Аммо кӯмакҳои мо ғайринизомӣ хоҳад буд." Дар ҳамоиши “Дӯстони Сурия" раҳбарони Эътилофи Миллии Сурия, мухолифони умдаи давлати раиси ҷумҳур Башор Асад ва кишварҳои аврупоӣ ва арабии ҳомии онҳо ширкат доштанд. Ҷон Керрӣ афзуд, қарори Амрико бо ҳадафи фишор ба раиси ҷумҳур Башшор Асад аст, ки аз қудрат биравад ва роҳро барои гузариш ба низоми демократӣ боз кунад. Дар муноқишаи тақрибан дусола дар Сурия то кунун 60 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG