Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷузъиёти қатли навраси 15-солаи тоҷик дар Маскав


Screen shot of murder

Screen shot of murder

Бо гузашти 3 рӯз ҳуввияти қотили эҳтимолии Муқимҷон Абдуғаниеви ҷавонмарг маълум нашудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҷузъиёти марги Муқимҷон Абдуғаниев, навраси 15-солаи тоҷикро ошкор кардааст, ки рӯзи 25 феврал дар пеши чашми мардуми зиёде дар шаҳри Маскав кушта шуд. Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорат, шоми панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дипломатҳо ва намояндагони Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон бо Гулшод Холмирзоева, модари Муқимҷони ҷавонмарг мулоқот кардаанд ва ӯ гуфтааст, ки писараш, ки ба варзиш ва аз ҷумла бокс машғул буд, баъди бозгашт аз толори варзишӣ кушта шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон ва наздикони Муқимҷон Абдуғаниев, ӯ шабонгоҳ барои бозгашт ба хона дар истгоҳ мунтазири мусофирбар будааст ва дар ин ҳангом бо сабабҳои ҳанӯз номаълум миёни ӯ ва гурӯҳе аз наврасон муноқиша бархостааст ва яке аз онҳо навраси тоҷикро чанд корд задааст. Ба гуфтаи Гулшод Холмирзоева, писараш се сол боз дар мактаби рақами 843-уми шаҳри Маскав таҳсил мекард ва бо ҳамсинфонаш муносибати хубе доштааст ва зоҳиран ӯ қотил ва ё қотилонашро намешинохтааст.


Гулшод Холмирзоева зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд буда ва писари ҷавонмаргаш дар шаҳри Хуҷанд сабти ном шудааст. Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафорат аз мақомоти интизомии Русия хостааст, то қотилони шаҳрванди Тоҷикистон пайдо карда ва ҷазо бидиҳанд. Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар ин замина аз тарафи мақомоти интизомии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Раёсати минтақавии Кумитаи тафтишотии Русия дар баёнияе гуфтааст, ки парванда дар заминаи «марг бар асари беэҳтиётӣ» боз шудааст ва муфаттишон дар пайи таҳқиқи ҳодиса ва муайян кардани як марде ҳастанд, ки ин ҷиноятро содир кардааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Хадамоти Муҳоҷират гуфтаанд, ки омодаи ҳама кӯмак ба модари Муқимҷон Абдуғаниев ҳастанд, ки ҳоло ҷасадаш дар яке аз сардхонаҳои Маскав нигаҳ дошта мешавад.

Таври маълум дар замони таҳқиқ ҳодиса интиқоли ҷасад иҷоза дода намешавад ва ҳоло маълум нест, ки ҷасади навраси тоҷик кай барои дафн ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд. Торнамои Life News як навореро нашр кардааст ва мегӯяд, ки саҳнаи қатли навраси тоҷик аст, ки баъди муноқишаи кутоҳе кушта мешавад ва бо вуҷуди ҳозир будани афроди зиёд аз ҷумла муҳофизони мағозаи наздики ҳодиса танҳо баъди аз пой афтодани навраси тоҷик ба назди ӯ меоянд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG