Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни деринтизори ҳомиёни ҳуқуқ тасвиб шуд


Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро тасвиб кард, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз ҷабру зӯроварӣ нисбат ба занон аст, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ як амри маъмулӣ дар кишвар аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон солҳо пеш тарҳи қонуни мазкурро таҳия карда буданд, вале он танҳо моҳи декабри соли гузашта дар Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон тасвиб шуд. Бар асоси ин қонун, дар сурати бадрафториву хушунат нисбат ба ҳар узви хонавода, гунаҳкорон аз 80 то 200 сомонӣ ва дар сурати такрори ин амал то 400 сомонӣ ва ё 15 рӯз ҳабс маҳкум мешаванд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ низ мегӯянд, дар Тоҷикистон мақомоти интизомӣ, аз дахолат ба ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва бахусус азияту озори занҳо парҳез мекунанд, ки ин сабаби дар ҷомеа густариш ёфтани хушунат нисбат ба занон шудааст. Бино ба омори Эътилофи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон, аз соли 2010 то соли 2011 ба марказҳои кӯмакҳои равониву ҳуқуқии ин созмонҳо тақрибан 9 ҳазор зане муроҷиат кардаанд, ки аз тарафи аъзои хонавода ё шавҳарони худ озору азият шудаанд. Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба имзои раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳукми иҷро мегирад ва бино ба гузоришҳо, мумкин аст, Эмомалӣ Раҳмон онро моҳи апрел имзо кунад.
XS
SM
MD
LG