Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNHCR хост, Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон надиҳанд


Дафтари минтақавии Кумиссариёи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон гуфтааст, интизор дорад, ки мақомоти Украина дархости истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқи Тоҷикистонро рад мекунанд, зеро ӯ ҳаққи паноҳандагӣ дорад. Дар баёнияи расмии ин ниҳод, ки аз тариқи почтаи электронӣ ба Радиои Озодӣ расид, омадааст, дафтари минтақавии Кумиссариёи Созмони Милал бо муроҷиат ба ҳукумати Украина мехоҳад, то ин фардеро, ки ҳаққи паноҳандагии Амрикоро дорад, таҳти ҳимоят бигирад. Агарчӣ номи Абдумалик Абдуллоҷонов дар ин баёния зикр нашудааст, аммо дар он омадааст, ки ин ниҳоди Созмони Милал мӯътақид аст, ки “Украина дархости истирдоди ин фардро рад карда ва бар асоси тааҳуддоти байналмилалии худ ӯро ҳарчӣ зудтар раҳо мекунад.” Абдумалик Абдуллоҷоновро, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, куштор ва талош барои ғасби ҳокимият ва дуздии моликияти давлатӣ муттаҳам мешавад, рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи “Бориспол” бо мусоидати пулиси байналмилал Интерпол боздошт карданд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод кунад. Абдумалик Абдуллоҷонов бо қарори додгоҳи Украина ва то замони баррасии дархости истирдоди ӯ барои 45 рӯз дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Абдумалик Абдуллоҷонов соли 1992-1995 нахуствазири Тоҷикистон буд ва сипас кишварро тарк кард ва ба Амрико рафт.
XS
SM
MD
LG