Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тоҷикро дар Ростов бо аломатҳои вабо бистарӣ карданд


Мақомоти Русия мегӯянд, дар вилояти Ростови лаби Дон, ду мусофири тоҷики як ҳавопаймо бо аломатҳои бемории вабо ба шифохона интиқол дода шудаанд. Дар дафтари матбуоти вазорати тандурустии вилоят ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳавопаймо бо 148 мусофираш баъди гузориш дар бораи гирифтории ду нафар ба беморӣ дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон фуруд омад ва ташхиси пешакӣ вуҷуди аломатҳои бемории вабо дар ин ду нафарро муайян кардааст, ҳарчанд ин ташхиси ниҳоӣ нест. Ба гуфтаи вазири беҳдошти вилоят Татяна Биковская, тамоми 148 мусофир ва шаш халабони ҳавопаймо дар боздоштгоҳи махсус нигаҳ дошта шуданд, ки аз миёни онҳо 135 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 15 нафар аз Русия будаанд ва аз роҳи Ростови лаби Дон ба Маскав ва Санкт Петебург сафар мекарданд. Баъди интиқоли ҳамаи мусофирону халабонҳо ба шифохонаи марказии Ростови лаби Дон бурдаанд ва баъди ташхиси ҳамаи онҳо танҳо дар ду нафар аломатҳои бемории вабо муайян шудааст. Аммо дар дафтари матбуоти вазорати беҳдошти вилоят ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки натиҷаҳои ниҳоии ташхиси тиббӣ то ду рӯзи дигар маълум мешавад, зеро ташхиси ин беморӣ вақтталаб аст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, дар шифохонаи шаҳрии рақами чаҳори вилоят, бахшеро барои қабули мубталоёни эҳтимолӣ ба вабо боз кардаанд ва тадобир барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории мазкур гирифта андешида шудааст. Дар вилояти Ростови лаби Дон дар Русия бори ахир соли 1995 гирифторӣ ба бемории вабо сабт шудааст. Вабо бемории хатарноки сироятист, ки сабаби дарунрав, қай ва хушкшавии оби бадан мешавад ва дар сурати таъхир дар табобат инсонро мекушад.
XS
SM
MD
LG