Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенедикти XVI: "Ба попи нав итоат мекунам"


 Попи Рум Бенедикти XVI
Попи Рум Бенедикти XVI
Попи Рум Бенедикти XVI мегӯяд, ба шахсе, ки ҷои ӯро ишғол хоҳад намуд, комилан итоат мекунад. Рӯзи панҷшанбе дар рӯзи охирини раҳбарии як миллиарду 200 миллион пайрави калисои католики румӣ, Бенедикти XVI ба кардиналҳои католик гуфт, муттаҳидона попи навро интихоб кунанд. Рӯзи панҷшанбе барои аввалин бор дар 600 соли ахир раҳбари калисои католики румӣ ба истеъфо меравад. Соати 8-и шом ба вақти аврупоӣ Бенедикти XVI савори чархбол шуда, ба осоишгоҳи тобистонаи раҳбари калисои католики румӣ, воқеъ дар канори пойтахти Италия, парвоз хоҳад кард. Попи 85-сола саломатиро сабаби истеъфояш гуфтааст. Пешбинӣ мешавад, ки то охири моҳи март кардиналҳои католик попи навро интихоб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG