Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ бо раҳбари мухолифини Сурия вохӯрд


Рӯзи чоршанбе дар ҳошияи мулоқоти “Дӯстони Сурия” дар пойтахти Италия котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо раҳбари мухолифини Сурия Муаз ал-Хатиб вохӯрд. Мулоқоти рӯзи панҷшанбе аввалин вохӯрии Керрӣ бо ал-Хатиб будааст, ки раҳбарии Эътилофи миллии Сурияро бар дӯш дорад. Аз эҳтимол дур нест, ки ИМА ба мухолифини Сурия кумакҳои иловагии ба истилоҳ “ғайри марговар” ваъда диҳад. Рӯзи чоршанбе Керрӣ гуфта буд, ки Вашингтон роҳҳои суръатбахшӣ ба давраи гузариши сиёсӣ дар Сурияро баррасӣ дорад. Дар мулоқоти Рум намояндагони даҳҳо кишвари олам бо раҳбарони Эътилофи миллии Сурия дидору гуфтугӯ доранд. Дар оғоз ин эътилоф аз ширкат дар нишаст худдорӣ карда буд, вале баъди изҳороти Керрӣ дар бораи баррасии масъалаҳои мушаххас ба ширкат дар мулоқот ризоят дод.
XS
SM
MD
LG