Пайвандҳои дастрасӣ

Радиои дар ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон чӣ ҷойгоҳе дорад? Имрӯз, соати 16 ба вақти Душанбе, мизигирди видеоиии Радиои Озодиро мустақим тамошо кунед.

Як назархоҳии Маркази назарсанҷии “Зеркало” нишон дод, ки дар байни шунавандаҳои тоҷик бештар аз ҳама радиои “Садои Душанбе” маҳбубият доштааст. 910 нафари пурсидашуда дар ин назархоҳӣ ҳамчунин шабакаҳои радиоии “Тироз” дар Хуҷанд ва “Имрӯз”-у “Ватан дар пойтахти Тоҷикистонро дар ҷумлаи радиоҳои маҳбуби худ ном бурдаанд. Дар ин назарсанҷӣ мардум аз радиоҳои “Авис-Плюс”, “Азия ФМ”, “Ховар”, “Тоҷикистон-1” ва “Азия Плюс” низ тавсиф кардаанд.

Маҳбубияти шабакаҳои радиоӣ дар Тоҷикистон аз куҷо маншаъ мегирад? Ва оё дар асри 21, ки Интернет батадриҷ ҷойгоҳи расонаҳои чопӣ ва ҳатто телевизионҳоро танг мекунад, радиоҳои тоҷик худро дар чунин шароити пурчолиш чӣ гуна эҳсос мекунанд?

Радиои Озодӣ ин мавзӯъро дар як мизигирди видеоӣ бо намояндагони маҳбубтарин шабакаҳои радиоии Тоҷикистон дар миён мегузорад. Дар сӯҳбати мо аз Душанбе Ҷонибеки Асрориён- мудири кулли радиои “Садои Душанбе”, Субҳон Ҷалилов – мудири барномаҳои радиои “Ватан” ва яке аз ровиёни пуршунавандаи ин шабака, ширкат мекунанд. Ин мизигирд рӯзи панҷшанбе, 28 феврал, соати 16 ба вақти Душанбе оғоз ёфта, аз тариқи сомонаи интернетии мо : ozodi.org ва ozodi.tj ба таври мустақим нашр мешавад.

Агар ба аҳли ин сӯҳбат суоле доред, ҳатман ба Озодӣ бинависед.
Ё ба мо занг занед. Шумораҳои мо:
Дар Душанбе: 988 65 94 63 988 65 94 64 985 63 83 56
Дар Прага: (420) 725 03 79 43

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG