Пайвандҳои дастрасӣ

Пуробии обанбори Қайроқум ба фоидаи кист?


Аз 3.5 миллиард метри мукааб оби обанбори Қайроқум Тоҷикистон камтар аз 10 фисадашро истифода мекунаду халос.

Аз 3.5 миллиард метри мукааб оби обанбори Қайроқум Тоҷикистон камтар аз 10 фисадашро истифода мекунаду халос.

Маъмурияти обанбори Қайроқум мегӯяд, ки ба шарофати серобӣ, баръакси солҳои пешин, бо вуҷуди гардон будани тамоми 6 чархаи нерӯгоҳ, дар оғози баҳор обанбор пури об аст. Вале аз ин Тоҷикистон ягон фоидае мебинад?

Ба гуфтаи Файзулло Авазов, раҳбари маъмурияти Нерӯгоҳи барқии обии Қайроқум, дар ҳоли ҳозир дар обанбори Қайроқум қариб то ҳадди ниҳоӣ об захира шудааст. Вай афзуд, нерӯгоҳ бо тамоми иқтидораш фаъол аст ва дар як шабонарӯз каме беш аз 3 миллион киловат/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад: “Ин мавсим ҳам барои обанбори Қайроқум ва ҳам Норак хуб омад. Ҳоло дар обанбори Қайроқум ворид ва хориҷ шудани об тақрибан яксон аст. Дар обанбори Норак ҳам назар ба ҳамин рӯзҳои соли гузашта сатҳи об тахминан 5 метр баланд шудааст. Ҳоло зиёдтар додани барқ ба аҳолиро баррасӣ дорем”.

Ҳамин тавр, танҳо нерӯи барқи бештар ягона нафъест, ки Тоҷикистон аз серобии имсолаи обанбори Қайроқум мебардорад.

Вале аз 3.5 миллиард метри мукааб оби обанбор Тоҷикистон камтар аз 10 дар садашро истифода мекунад. Боқӣ оби ҷамъовардаашро ба кишварҳои поёноби Узбакистон ва Қазоқистон медиҳад. Беш аз 300 ҳазор гектар заминҳои пахтаи Узбакистон ва 60 ҳазор гектар замини зироати Қазоқистон тавассути рӯди Сир обёрӣ мешавад. Дар ҳоле ки шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, тахминан дар 5 километрии обанбор воқеъ аст, фасли гармо ба танқисии оби зироат рӯ ба рӯ мешавад, вале Тоҷикистон ба хотири наранҷонидани ҳамсояҳои поёноби худ аз гузоштани насосҳои обкашӣ ба рӯди Сир худдорӣ меварзад.

Саволи аслӣ ин аст, ки бар ивази ҷамъовариву додани об Тоҷикистон аз кишварҳои поёноб чӣ фоида мебинад?

Мутахассисони суғдӣ дар бахши танзими захираҳои обии минтақа дар посух мегӯянд, тақрибан ҳеҷ.

Ҷаноби Авазов мегӯяд, маъмурияти нерӯгоҳ бо дастури давлат фаъолияти нерӯгоҳ ва мизони обро танзим мекунанд ва фасли тобистон маҷрои обро ба сӯи Узбакистону Қазоқистон боз мегузоранд. Вале аз ин давлатҳо ҷиҳати ҳифз ва таъмиру тармими саддҳои обанбор маблағе дарёфт намекунанд.

Коршинос Тилав Расулзода

Коршинос Тилав Расулзода

Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, аз қатъи ҳамкориҳои давлатҳои поёноб дар мавриди баҳрабардорӣ аз захираҳои обии минтақа Тоҷикистон зарари молӣ мебинад: “Тоҷикистон ба паймонҳои байналмилалӣ бо кишварҳои минтақа дар мавриди танзими оби рӯдҳои фаромарзӣ мисли Омуву Сир содиқ аст. Бо ин роҳ Тоҷикистон мехоҳад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, ки ташхиси фаннии нерӯгоҳи Роғунро анҷом медиҳад, нишон диҳад, ки бар ҳама ӯҳдадориҳои худ пойбанд аст. Вале ин ки Узбакистон намехоҳад бар ивази об ба Тоҷикистон ҳадди ақал дар нигаҳдории обанбор ёрӣ расонад, ба нодидагирии манфиатҳои кишварҳои болооб, Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷониби элитаи сиёсии ин кишвар бастагӣ дорад”.

Ҷаноби Расулзода афзуд, аммо ин садоқати Тоҷикистон дар назди қонунҳои байналмилалӣ ва интиқоли об ба кишварҳои поёноб бо баҳои ташналаб гузоштани садҳову ҳазорон гектар заминҳои канори рӯди Сир ба даст меояд. Дар ҳоле ки кишварҳои қудратманд ва саршор аз нафту гази поёноб, бахусус Узбакистон, дар ҳавзаи рӯди Сир барои обёрии заминҳои пахтаи худ даҳҳо обанборҳои хурду бузург дуруст мекунанд, Тоҷикистон ба худ иҷоза намедиҳад барои обёрии канори рости шаҳри Хуҷанд дар рӯди Сир як насос гузорад.

Ягона фоидае, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз обанбори Қайроқум ба даст меорад, нерӯи барқи арзон ва аз нигоҳи экологӣ тоза аст.

Ягона фоидае, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз обанбори Қайроқум ба даст меорад, нерӯи барқи арзон ва аз нигоҳи экологӣ тоза аст.

Вале бархе аз коршиносон бар онанд, ки Тоҷикистон наметавонад маҷрои обро ба муддати тӯлонӣ бубандад, зеро дар ҷойи ҳамвор ҷойгир будани обанбори Қайроқум ба ин имкон намедиҳад. Ҳамчунин, вобастагӣ аз орду гандум ва маводи сӯхти арзон ва сармоягузориҳои Қазоқистон Тоҷикистонро водор мекунад, ки бо ин ҳамсоякишвар муносибати худро сард нагардонад. Бахусус, Қазоқистон ягона кишвари поёноб аст, ки дар соли 2011 ба Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи саддҳои обанбори Қайроқум 300 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ додааст.

Дар гузашта Узбакистон низ бар ивази оби Қайроқум дар зимистон ба минтақаи шимолии Тоҷикистон нерӯи барқ медод ва тобистон онро дучанд мегирифт. Ҳамчунин, кишварҳои поёноб қисме аз масрафҳои нигаҳбонии саддҳои обанборро бар дӯш доштанд. Вале бо хориҷ шудани ин кишварҳо аз системаи ягонаи энергетикии минтақа, ин додугирифт ва ҳамкориҳо дар заминаи обанбори Қайроқум қатъ шудааст. Ягона фоидае, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз обанбори Қайроқум ба даст меорад, нерӯи барқи арзон ва аз нигоҳи экологӣ тоза аст ва бо қаноатмандӣ аз он ин кишвар ҳама хароҷоти таъмиру тармими обанборро худ пардохт мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG