Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷэк Лю вазири молияи ИМА интихоб шуд


 Ҷэк Лю

Ҷэк Лю

Собиқ раиси дастгоҳи президенти ИМА Барак Обама Ҷэк Лю вазири молияи ИМА интихоб шуд. Дар овоздиҳии Сенат бар иловаи тамоми аъзои ҳизби демократ 20 вакили ҳизби ҷумҳурихоҳ низ аз номзадии Лю пуштибонӣ карданд. Лю замоне вазифаро қабул мекунад, ки маъмурияти президент Обама ва вакилони ҷумҳурихоҳ роҳҳои ҷилавгирӣ аз коҳиши автоматии хароҷот ба маблағи 85 миллиард долларро баррасӣ доранд. Агар мувофиқате ҳосил нашавад, сар аз рӯзи ҷумъа сармоягузории баъзе лоиҳаҳои давлатӣ қатъ мегардад. Як рӯз пеш аз он аъзои Сенат Чак Ҳейгелро дар вазифаи вазири мудофиаи ИМА тасдиқ карданд.
XS
SM
MD
LG