Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии "Шери тоҷик" дар сабқати бокси ҳирфаӣ


Шералӣ Маҳмадалиев - муштзани тоҷик

Шералӣ Маҳмадалиев - муштзани тоҷик

Шералӣ Маҳмадалиев, муштзани тоҷик, дар қувваозмоии 15-уми худ дар бокси ҳирфаӣ бар рақибаш Евгений Фёдорови латвиягӣ пирӯз шуд.

Дар ин қувваозмоӣ, ки дар шаҳри Великий Новгороди Русия барпо гардид,
баъди анҷоми сабқати ҳаштраунда доварон якдилона муштзани тоҷикро ғолиб донистанд. Дарвоқеъ, Шералӣ Маҳмадалиев моҳи майи соли гузашта низ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бар Евгений Фёдоров бо тасмими якдилонаи доварон ғолиб омада буд.

Шералӣ Маҳмадалиеви 31-сола, ки се сол пеш соҳиби камарбанди WBO EUROPEAN ва PABA (Созмони урупоии Ташкилоти ҷаҳонии бокс) дар вазни ниммиёна гардида буд, ду сол муқаддам унвонашро аз даст дод. Ӯ барои нигоҳ доштани ин унвон дар шаҳри Юрмалаи Латвия бо рақибаш Алексей Евченкои русиягӣ мубориза бурд. Довар дар раунди 11-ум, пас аз ҳуҷуми навбатии тӯлонӣ, қувваозмоиро қатъ кард ва муштзани русиягӣ бо нокаути фаннӣ ғолиб дониста шуд.

Шералӣ Маҳмадалиев, ки дар бокси ҳирфаӣ бо лақаби “Шери тоҷик” маъруф аст, аз соли 2008-ум ҳамагӣ 17 қувваозмоӣ карда, дар 15-тоаш (8-тоаш бо нокаут) пирӯзӣ ба даст овардааст ва дар ду қувваозмоӣ (яктоаш бо нокаут) мағлуб шудааст.

Шералӣ Маҳмадалиев 6-уми майи соли 1981 дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ба бокс аз синни 12-солагӣ таҳти раҳбарии мураббии варзида Додобек Фатҳуллоев тамрин мекард. Ӯ аз соли 2007-ум дар шаҳри Санкт-Петербург ба сар мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG