Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи марказиву ҷанубӣ Роберт Блейк ба кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Конгресс гуфт, ҳарчанд Амрико “таҳдиди ногузири ҷангиёни исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ”-ро намебинад, Ҳаракати исломии Узбакистон роҳҳои тавсиаи ҳузураш дар минтақаро як бахши стротежии дарозмуддати густариши нуфузи худ медонад.

Блейк гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба чолишҳое рӯбарӯянд, ки метавонанд ба оташи тундгароӣ равған рехта, ба манфиатҳои Амрико дар минтақа таҳдид кунанд. Ӯ афзуд, Амрико бо давлатҳои ин қаламрав ҷиҳати кумак дар амри расидагии онҳо ба чолишҳои фаромарзие, чун терроризму густариши силоҳ ҳамкорӣ мекунад. Вале Блейк ҳамчунин гуфт, ки Вошингтон фишор ба раҳбарони минтақа дар мавриди зарурати роҳандозии ислоҳоти демократӣ ва ҳуқуқи башарро бас нахоҳад кард.

Суолуҷавоби Блейк дар кумитаи Конгресс дар пайи сафари ҳафтаи гузаштаи ӯ ба Осиёст, ки боздид аз Ҳинд ва Тоҷикистонро дар бар гирифта буд. Блейк тайи боздидаш аз Душанбе, ки аз 20 то 22 феврал давом кард, бо мақомоти олии Тоҷикистон ва намояндагони ҷомиаи маданӣ мулоқот карда, дар баррасии нимсолаи мушовараҳои сиёсии Вошингтону Душанбе низ ширкат кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки нирӯҳои НАТО ва Амрико, қарор аст, то поёни соли 2014 аз Афғонистон берун шаванд. Мақомоти Тоҷикистон дар рӯзҳои сафари дипломати аршади амрикоӣ изҳор доштанд, ки омодаанд, то аз қаламрави ин кишвар барои транзити нирӯҳои эътилоф истифода шавад. Аммо Блейк дар Душанбе гуфт, ки Амрико дар ҷараёни хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон истифода бурданӣ нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG